Мо ба Худои худ шукргузорем, ки ба мо дини мубини Исломро ато фармуд! Дуруд ва раҳмати Худо бар Пайғамбари мо Муҳаммад (с) ва хонадону ёронаш, ки бо беҳтарин роҳ дини Исломро дар ҳаёти худ ҷорӣ намуда ва ба ҳамаи мардумон онро омӯзонид.
Муҳаббат ба Алоҳ, ин асоси дини мо ба ҳисоб меравад. Аллоҳ таъоло, дилҳои моро барои муҳаббат офаридааст. Худованд аз мо мехоҳад, ки дини худро, Пайғамбари худро ва ҳамаи ононе, ки ӯ дӯсташ медошт, дӯст дорем ва ба тариқи нишондодаи онҳо зиндагӣ кунем.