Иҷобати дуо дар кушоиши корҳо
Дасти хоҳиш чун садаф макшой пеши хокиён,
Ҳар чӣ мехоҳад дилат, аз олами боло талиб.
То чун садаф кунанд туро махзани гуҳар,
Бардор сӯйи олами боло кафи ниёз.
Давлат на чароғест, ни хомӯш шавад,
Фонус агар аз дасти дуо дошта бошад.
Аз дари Ҳақ ба дари халқ чаро бояд рафт,
Шиква аз ёр ба ағер намебояд кард.