Мумиё ҳамчун дору ,дар тибби мардумӣ аз замонҳои қадим маълум мебошад, ки таърихи ҳазорсола дорад. Мумиёро дар гузашта бисёртар дар мамлакатҳои Шарқ ва Осиёи Миёна барои табобати қасалиҳои гуногун истифода мебурдаанд. Маълумотҳои зиёде нисбати ҳосилкунии доруву даво ва истифодаи он то замони мо омада расидаасд. Аз рисолаҳои дастнависи Тибет, Ҳиндустон, Муғулистон ва Осиёи Миёна маълум мегардад, ки дар вақтҳои қадим талабот ва таваҷчӯҳ ба навъи дору хеле зиёд будааст.